Ориён лизинг
Марҳилаҳои аҳдҳо ва шартномаҳои ҶДММ «Ориён Лизинг»

 

Марҳилаҳои аҳдҳо ва шартномаҳои ҶДММ «Ориён Лизинг»

  1. Муштарӣ ба ҶДММ “Ориён Лизинг” таснифотро барои гузаронидани ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингӣ, анкетаи мушаххас (стандарт) ва тавозуни ф.1,2,3 ва 5 барои 3 соли охир месупорад.
  2. ҶДММ «Ориён Лизинг» мутобиқи ҳисоббарории лизингӣ нақшаи пардохтҳои лизингиро ҳисоб менамояд.
  3. Агар шартҳои лизинг ба Муштарӣ маъқул шавад, вай тамоми ҳуҷҷатҳоро барои кор ба ҶДММ “Ориён Лизинг” мефиристад.
  4. ҶДММ «Ориён Лизинг» қарорро дар бораи маблағгузории лоиҳа (мусбӣ, манфӣ, шароитҳо ва ғайра) қабул менамояд.
  5. Аризаи расмї аз тарафи Муштарӣ дар ширкати лизингӣ, Шартномаи лизинг, Шартномаи таҳвил бо таҳвилдиҳандагон (хариду фурӯш) ва Шартномаи суғурта дар ҳолати қабули қарор дар бораи суғуртаи предмети лизинг ба расмият дароварда мешавад.
  6. Муштарӣ пешпардохтро ба суратҳисоби Ширкат интиқол медиҳад.
  7. Таҳвилкунанда предмети лизингро ба Муштарии ҶДММ “Ориён Лизинг” бор карда мефиристонад.
  8. Муштарӣ дар давоми муҳлати лизинг пардохтҳоро пардохт менамояд, таъмири ҷории предмети лизингро гузаронад.
  9. Ҳангоми ба охир расидани муҳлати лизинг, ҶДММ “Ориён Лизинг” ба соҳибмулкии Муштарӣ предмети лизингро месупорад.

 

Шартномаҳои дахлдор:

  1.  Шартномаи лизинг (зерлизинг) бо замимаҳо.
  2. Шартномаи таҳвил (хариду фурӯш).
  3. Шартномаи суғурта.

Агар Шумо саволҳои боқимонда дошта бошед, Шумо метавонед бевосита ба мутахассисони ширкати мо муроҷиат намоед.

         Бо телефони: (44) 600-70-14, 70-15  

         Почтаи электронӣ:  umed-orien-leasing@mail.ru