Пасандозҳо
Ҷамъшаванда

Пасандози муҳлатноки  “Ҷамъшаванда” ин  имконияти зиёд намудани маблағи пасандози дар аввал гузошташуда мебошад. Ин намуди пасандоз барои шахсоне қулай аст, ки хоҳиши харид намудани лавозимотеро доранд, ки аз маоши моҳонаашон зиёдтар аст. 

Шартҳо:

  • Пасандоз бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ  қабул карда мешавад.
  • Андозаи камтарини аввалияи пасандоз баробар аст: бо пули милли 500 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 5000 рубли русӣ.
  • Ворид намудани маблағи иловагӣ ба пасандоз имкон дорад.
  • Меъери фоизи муқарраршудаи пасандоз доимӣ буда, дар давраи амали шартнома бетағйир мемонад.

 Меъери фоизи солона аз рӯи муҳлати пасандоз:

Муҳлат

Пули миллӣ

Асъори хориҷӣ 

аз 181 то 360 рӯз

то 9%

то 2%

аз 361 то 720 рӯз

то 13%

то 6% 

 

Фоизҳо ҳармоҳа ҳисобида мешаванд ва метавонанд ҳармоҳа ё ин ки  баъди ба охир расидани муҳлати нигоҳдории пасандоз гирифта шаванд. 

Руйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Дархост барои кушодани суратҳисоби бонкӣ
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома)
  • РМА